лой — I ло II [لاي] 1. хоки бо об омехтаву шӯрида, ки дар деворзанӣ, андова ва ғ., ба кор мебаранд; гил; гили нарми таҳи оби ҷӯ, ҳавз ва ғ., таҳнишин: лойи бӯтана, лойи сақичмонанди часпак, лойи шита, лойи шуррут, ба бом лой кашидан, ба лой ғӯтидан, ба … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
новадон — [ناوه دان] ниг. нов I; аз борон гурехта ба новадон дучор шудан аз балое гурехта ба балои бадтар аз он вохӯрдан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
чола — [چاله] 1. чоҳи хурд 2. ниг. чол III; аз чола гурехта ба чоҳ афтодан аз борон гурехта ба новадон дучор шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
баёт — I [بيات] мус. номи яке аз шӯъбаҳои мақомҳои «Шашмақом» II [بيات] :нони баёт нони шабина; нони шабмондаи обаш гурехта … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
барф — [برف] резаҳои майдаи оби яхбаста, ки дар зимистони хунук меборад; аз барф гурехта ба борон дучор шуд (зарб.); барфи лаклакӣ барфе, ки порча порча, паға паға меборад; барфи тар барфе, ки вақти боридан аз мулоимии ҳаво ба замин расидан замон об… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
борон — [باران] 1. қатраҳои об, ки аз абр фурӯ мерезанд: борони майда, борони найсон, борони аввали баҳор 2. маҷ. бисёрӣ, зиёдӣ, афзунӣ ( и чизе): борони савол, борони тир, борони ғам ◊ аз борон гурехта, ба новдон дучор гардидан аз як азобу уқубат ё… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
вогурехтан — [واگريختن] гурехтан, гурехта рафтан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гурез — I [گريز] 1. асоси замони ҳозира аз гурехтан; гурез! феъли фармоиш дур шав!, худро ба канор гир!, роҳ деҳ! 2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои гурезанда: коргурез, одамгурез… II [گريز] 1. гурехтан, фирор, гурезиш; гурезгурез… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гуреза — [گريزه] аз ҷое ё аз назди касе гурехта, гурезоншуда, фирорӣ (хоҳ аз таъқибу фишор ва хоҳ аз иҷрои коре): бандиёни гуреза, одами гуреза, аскари гуреза, гурезагон, гуреза шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гурезагӣ — [گريزگي] 1. гурехта гаштан, гурезон будан, дар ҳолати гурезонӣ будан 2. махфӣ, пинҳонӣ; ғайриқонунӣ; бо роҳи гурезагӣ ба таври пинҳонӣ, ба таври қочоқ 3. мансуб ба гурез 3: байти гурезагӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ